Ru  | Tj
Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон бо Толибон масъалаи амнияти сарҳадро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон бо Толибон масъалаи амнияти сарҳадро баррасӣ карданд
Акс: ASIA-Plus

Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон бо Толибон масъалаи амнияти сарҳадро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Ҷониби Ӯзбекистон ва "Толибон"* нақша доранд, ки дар якҷоягӣ як қатор лоиҳаҳои инфрасохториро татбиқ намоянд.

Бино ба иттилои "ТАСС", Иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдул Салом Ҳанафӣ ҷиҳати анҷом додани музокирот бо ҷониби Ӯзбекистон рӯзи 16-уми сентябр ба Термиз ташриф овардааст.

Ба шарҳи манбаъ, ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаи амнияти сарҳад, инчунин атрофи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони интиқоли нерӯи барқ - "Сурхон-Пули-Хумрӣ" ва роҳи оҳани "Тирмиз-Мазори Шариф-Кобул-Пешовар" мубодилаи афкор намудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар музокирот ҳайати Ӯзбекистонро вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии ин кишвар Сардор Умурзоқов роҳбарӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми сентябр зимни суханронӣ дар мубоҳисаи онлайнии иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Президени Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки аз бунбасти Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд, инчунин ӯ изҳор дошт, ки Тошканд ба таври мунтазам ба кишвари ҳамсоя ғизо, маҳсулоти ва нерӯи барқ медиҳад.

"Толибон"*-ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Толибон гуфтанд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед