Ru  | Tj
Ҳайати вилояти Омски Русия барои бастани созишномаҳои ҳамкорӣ ба Хатлон меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳайати вилояти Омски Русия барои бастани созишномаҳои ҳамкорӣ ба Хатлон меояд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Ҳайати вилояти Омски Русия барои бастани созишномаҳои ҳамкорӣ ба Хатлон меояд

Нашр шуд

Раиси вилояти Омски Русия дар раъси ҳайати соҳибкорон ва роҳбарони ниҳодҳои масъули ин вилоят ба Тоҷикистон меояд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо зикр ин матлаб гуфтааст, ки чунин тасмим дар мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим бо муовини якуми Раиси вилояти Омск Дмитрий Ушаков гирифта шудааст.

Манбаъ меафзояд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Омскро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, тиб, фарҳанг, гуманитарӣ ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Аммо роҳандозӣ ва танзими сафари ҳайати Омск таҳти роҳбарии Раиси ин вилоят ба Тоҷикистон ва имзои созишномаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон аз меҳварҳои аслии ин дидор будааст.

Давлатзода Ятим бо ишора ба иқтидори бузурги рушди ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Омски Русия омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба дар рушд ва тавсеаи равобити байниминтақавӣ изҳор доштааст.

Бояд гуфт, ки бори аввал нест, ки доираҳои соҳибкории минтақаҳои алоҳидаи Русия ба Тоҷикистон меоянд. Қаблан намояндагони дигар вилоятҳои ин кишвар низ ба Тоҷикистон омадаву ба фазои сармоягузорӣ ва имконоти густариши равобити минтақаҳо ошно гашта буданд.

Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта ҳайати соҳибкорони вилояти Красноярски Русия ба Суғд омадаву бо тоҷирону соҳибкорони шимоли Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд ва ҷиҳати роҳандозии чандин лоиҳаи муштарак ба тавофуқ расиданд.


Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ созишномаи ҳамкорӣ баст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед