Ru  | Tj
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар синни 78-солагӣ дар Самарқанд даргузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар синни 78-солагӣ дар Самарқанд даргузашт
Акс: ASIA-Plus

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар синни 78-солагӣ дар Самарқанд даргузашт

Нашр шуд

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ пайваста ба Тоҷикистон сафар карда, дар маҳфилҳои адабиву илмӣ иштирок менамуд.

Дишаб донишманд ва адиби номдор, яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷикони Ӯзбекистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, дар синни 78-солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд даргузашт. Дар ин бора субҳи имрӯз нависанда Адаш Истад, хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, маросими видоъ бо адиби шинохта пас аз зуҳри имрӯз, 18-уми октябр соати 2 дар деҳаи Кӯйи сахои Самарқанд доир мешавад. Ҳанӯз дар бораи иштироки ягон намояндаи мақомоти давлатӣ дар маросими видоъ бо ин донишманд аз ҷониби Тоҷикистон иттилое пахш нагардидааст.

Ҳаёт Неъмат 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи Самарқанд ба дунё омада, аз 16-солагӣ ба ду забон (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) шеър мегуфт. Намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. Ӯ ҳамчунин дар соҳаи тарҷумаи адабиёти тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ низ машҳур буд.

Драмаҳои манзуми «Меҳри пирӯз ё зодаи нур» ва дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» иборат аз ду намоишнома («Бародаркуш» ва «Фаромӯшӣ») аз аз ҷумлаи драмаҳои машҳури ӯ ба ҳисоб мераванд.

Ҳаёт Неъмат тӯли беш аз 30 сол тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX-ро фароҳам овардааст ва то вопасин рӯзи ҳаёташ дар таҳқиқи рӯзгору осори шахсиятҳои баруманд ва озодихоҳи тоҷик заҳмат мекашид. Дар соҳаи илми адабиётшиносӣ доир ба эҷодиёти Мавлавии Балхии Румӣ чанд таҳқиқоти илмиро, аз қабили монографияҳои «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ» (2014) ва «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ» (2017) ба анҷом расондааст.

Бояд гуфт, ки саҳми Ҳаёт Неъмат дар роҳандозии Иттиҳодияи Иҷтимоии фарҳангии «Самарқанд» ва Маркази фарҳангии тоҷикон «Самарқанд» зиёд аст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз соли 1990 узви Шӯрои Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва барандаи мукофоти ба номи Деваштич (2000) буд.

Донишманди Тоҷикистон ғолиби Олимпиадаи байналмилалӣ дар Русия гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед