Ru  | Tj
Ҳайкалтарошони кишварҳои узви СҲШ дар Симпозиуми Самарқанд иштирок мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳайкалтарошони кишварҳои узви СҲШ дар Симпозиуми Самарқанд иштирок мекунанд
Акс: Интернет

Ҳайкалтарошони кишварҳои узви СҲШ дар Симпозиуми Самарқанд иштирок мекунанд

Нашр шуд

Ҳайкалтарошони ҳирфаии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд ҷамъ омадаву тӯли як моҳ ба кори эҷодӣ машғул мешаванд.

Бино ба иттилои Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон, дар шаҳри Самарқанд  бо иштироки ҳунармандони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Симпозиуми байналмилалии ҳайкалтарошӣ оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ин ҳамоиш  дар доираи омодагӣ ба нишасти сарони СҲШ, ки моҳи сентябр дар Самарқанд доир мешавад, ташкил гардидааст ва дар чорчӯби он давоми як моҳ ҳайкалтарошон ва устодони соҳаи пластика аз маводи сахт – мармар, металл, санг ва гилбуттаи пухта асарҳо эҷод мекунанд.

Манбаъ меафзояд, дар анҷоми симпозиум асарҳои ҳайкалтарошон барои насб дар боғу гулгаштҳои Самарқанд ва осорхонаҳои ин шаҳр ройгон тақдим карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол Узбекистон раëсати давраӣ дар Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад. СҲШ соли 2001 таъсис ёфта, Русия, Тоҷикистон, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Узбекистон узви он ҳастанд. Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро доранд.

Нишасти қаблии сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор шуда буд.

Геологҳои тоҷик ба истифодаи нармафзори «Макромайн» мегузаранд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед