Ru  | Tj
Аз дарси маҳорати актёрӣ то консерти Гжел ва боздид аз Норак. Рӯзҳои фарҳангии Русия ифтитоҳ меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз дарси маҳорати актёрӣ то консерти Гжел ва боздид аз Норак. Рӯзҳои фарҳангии Русия ифтитоҳ меёбад
Акс: Интернет

Аз дарси маҳорати актёрӣ то консерти Гжел ва боздид аз Норак. Рӯзҳои фарҳангии Русия ифтитоҳ меёбад

Нашр шуд

Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии Федератсияи Русия ифтитоҳ меёбад.

Бегоҳи рӯзи 24-уми июн ҳайати ҳунармандони Русия барои ширкат дар рӯзҳои фарҳангии кишварашон дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд, - иттилоъ дод Вазорати фарҳанг.

Манбаъ афзуд, ки шоми имрӯз соати 18 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ва барномаи ҳунарии Театри давлатии академии рақсии «Гжел»-и шаҳри Москва баргузор мегардад.

Вазорат ҳамчунин барномаи Рӯзҳои фарҳангии Русияро нашр намуд, ки тибқи он имрӯз дарсҳои маҳорати режиссёрии Академияи санъати театрии Русия (ГИТИС) бо ҳунарпешагони ҷавони театрҳои шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ки меҳмонон ҳамчунин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи «Ирам», маҷмааи «Кохи Наврӯз» ва аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан мекунанд.

Вазорати фарҳанг мегӯяд, ки Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июн ба анҷом мерасад ва гусели меҳмонон тибқи хатсайр сурат мегирад.



Русия ба беш аз 5 миллион муҳоҷир эҳтиёҷ доштаас

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед