Ru  | Tj
Аз донишгоҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ: "На ҳамаи муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд, маълумот надоранд"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз донишгоҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ: "На ҳамаи муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд, маълумот надоранд"
Акс: Мигрант

Аз донишгоҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ: "На ҳамаи муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд, маълумот надоранд"

Нашр шуд

Дар қаламрави Приморск дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон шумораи мутахассисони соҳибкасб бешумор аст. Дар ин бора сомонаи "Восток-Медиа" менависад.

Манбаъи мазкур шарҳ додааст, ки дар Тоҷикистон асосан ду донишгоҳи беҳтарин мавҷуд аст, ки мутахассисони баландихтисос омода мекунад. Ин ҳам муассисаҳои олии давлатӣ ҳастанд. Ҳамчунин, дар Тоҷикистон зиёда аз 20 донишгоҳҳое фаъолият доранд, ки дар ҳар кадоми онҳо миқдори зиёди донишҷӯён таҳсил мекунанд. Дар баробари ин, дар Тоҷикистон 3 филиали донишгоҳҳои Русия ва ду донишгоҳи байналмиллалии тоҷикӣ-русӣ амал мекунад.

Дар байни муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд духтурон, математикҳо, физикдону адабиётшиносон ҳастанд ва онҳо ба тиҷорат, ронандагӣ ва тамизкунии биноҳо машғуланд.

Як марди муҳоҷир бо исми Ҳоҷимурод дар мусоҳиба бо журналистони рус гуфтааст, ки "На ҳамаи тоҷикон, ӯзбекҳо ва дигар коргарони хориҷие, ки барои кор кардан ба Русия меоянд, маълумот надоранд. Ғайр аз ин на ҳамаи муҳоҷирон бар ивази музди ночиз кор мекунанд. Аксари онҳо дар созмонҳои гуногуне фаъолият доранд, ки ҳамкории байналхалқиро дар сатҳҳои гуногун густариш медиҳанд. Ин қабил одамҳо садҳо ҳазор нафаранд ва боварӣ дорам, ки русҳо бо онҳо муносибати хуб мекунанд".

Ёдовар мешавем, ки мувофиқ ба талаботи Ҳукумати Русия барои муҳоҷирон супоридани имтиҳон аз фанни таърихи Русия ва забони русӣ ҳатмӣ дониста шудааст.

Барои муҳоҷирон биржаи меҳнатӣ ташкил карда шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед