Ru  | Tj
Аз ИМА то АМА ва Саудӣ. Шаҳрвандони 52 кишвар ба Тоҷикистон бе раводид омада метавонанд.

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз ИМА то АМА ва Саудӣ. Шаҳрвандони 52 кишвар ба Тоҷикистон бе раводид омада метавонанд.
Акс: Интернет

Аз ИМА то АМА ва Саудӣ. Шаҳрвандони 52 кишвар ба Тоҷикистон бе раводид омада метавонанд.

Нашр шуд

Ҳукумати кишвар қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он шурӯъ аз сол оянда шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон метавонанд бидуни раводид ба Тоҷикистон биёянд.

Ба иттилои Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ, сар аз соли 2022 шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон метавонанд бидуни гирифтани раводид вориди Тоҷикистон шаванд. 

Дар феҳрасти кишвраҳои бидуни раводид  номи кишварҳое чун Австралия, АМА, Кувайт, Қатар, ИМА, Канада, Швейтсария, Малайзия, Аргентина, Индонезия, Туркия, Чили, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Ҷопон ва аксар давлатҳои аврупоӣ оварда шудааст. 

Гуфта мешавад, муҳлати иқомати шаҳрвандони кишварҳои бидуни раводид дар ҳудуди Тоҷикистон ба муҳлати 30 шабонарӯз муқаррар гардидааст. 

Ҳамчунин манбаъ меафзояд, ки тиқби қарори дигари Ҳукумат боз 14 давлати дигар ба феҳрасти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон имкони дарёфти раводиди Тоҷикистон бо тартиби содашударо доранд, ворид шудаанд. 

Аз ҷумла, сар аз соли нави милодӣ шаҳрвандони Камбоҷа, Гондурас, Никарагуа, Гана, Камерун, Конго ва Бангладеш низ раводиди сафар ба Тоҷикистонро ба таври содашуда дарёфт мекунанд. 

Бояд гуфт, ки айни замон Тоҷикистон бар пояи қарордодҳои дуҷонибаи имзошуда бо беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, низоми бидуни раводид дорад. 

Ҳадаф аз афзоиши шумори кишварҳои бидуни раводид ва ҳам осон намудани дарёфти раводидро коршиносон ба ташоли Ҳукумат ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон рабт медиҳанд. 

Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои охир ба рушди гардишгарӣ дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Аз ҷумла, солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. 


Зодаи Ишкошим ва ғолиби "Green card" барои кӯдакони деҳааш омӯзишгоҳи замонавӣ сохт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед