Ru  | Tj
Аз имрӯз машқҳои муштараки тактикии Тоҷикистону Чин оғоз мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз имрӯз машқҳои муштараки тактикии Тоҷикистону Чин оғоз мешавад
Акс: Centre1.com

Аз имрӯз машқҳои муштараки тактикии Тоҷикистону Чин оғоз мешавад

Нашр шуд

Имрӯз машқҳои муштараки тактикии Тоҷикистону Чин оғоз ёфта ва то 20-уми август идома хоҳад ёфт.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Лю Юнфен, ки дар раъси намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин ба Душунбе омадааст, ин тавофуқ ҳосил шудааст.

Дидори Раҳимзода ва Юнфен рӯзи душанбе, 16-уми август сурат гирифта, тарафҳо масоили баргузор намудани машқҳои тактикии якҷояи ниҳодҳои вижаи Душанбеву Пекинро баррасӣ кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки ин тамринҳои ба зидди террористон нигаронида шуда, дар шароити кӯҳистон мегузаранд.

Ҳамчунин зимни дидор тарафайн масоили мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккилро барарсӣ ва ҷиҳати мубодилаи таҷрибаву иттилоот ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ табодули афкор кардаанд.

Лозим ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи гузашта дар сӯҳбат бо Вэй Фэнх, Вазири мудофиаи Чин ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро самти муҳимми муносибатҳои Душанбеву Пекин унвон карда буд.

Чин яке аз се шарики аслии иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Ин кишвар аз соли 2013 бо Тоҷикистон шарики стратегӣ эълом шуда, ҳамкории Душанбеву Пекин ҳамасола ба таври чашмрас рушд меёбанд.

Пеш аз ин дар наздикии сарҳади Афғонистон тамринҳои муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон баргузор шуда буд, ки мақомот онро муваффақ арзёбӣ карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ баргузор мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед