Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Аз Италия ба Тоҷикистон 110 дастгоҳи озмоишӣ меоранд
Нашр шуд
Дастгоҳҳои озмоишии итолёӣ ҷиҳати санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ харида шудаанд.
Тавре Маркази матбуоти раиси шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, Рустами Эмомалӣ зимни ироаи ҳисоботи панҷсола дар ҷаласаи охир гуфтааст, ки баҳри баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо соли ҷорӣ аз Италия 110 дастгоҳи санҷишӣ ба шаҳри Душанбе оварда мешаванд.
Дар ҷаласа, инчунин зикр гардидааст, ки дар бахши роҳсозӣ имсол дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба истифода дода мешаванд.
Гуфта мешавад, ки ин ду дастгоҳ ба маблағи 16 миллион сомонӣ харида шудаанд.
Ҳамзамон таъкид мегардад, ки шаҳрдори Душанбе дар ҷаласа аз фаъолияти соҳаи роҳсозии пойтахти кишвар изҳори норозигӣ намуда, аз ҳолатҳои кашол додани муҳлати иҷрои корҳо дар баъзе иншооти роҳсозӣ, истифодаи масолеҳи пастсифат ва пас аз ба истифода додани роҳҳо дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ пайдо шудани ноҳамвориҳо хотиррасон шудааст.
Зимнан, масъулини соҳа муваззаф гардидаанд, ки дар мӯҳлати муайяншуда камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф созанд ва роҳҳоро мувофиқ ба стандартҳои муосир ба истифода диҳанд.
Бояд гуфт, ки дар зарфи 5 соли охир дар шаҳри Душанбе 162 километр роҳҳо азнавсозӣ карда шудаанд, ки 7,7 километри он дар соли 2021 анҷом дода шудааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед