Ru  | Tj
Аз коҳиши камбизоатӣ то афзоиши маош: Эмомалӣ Раҳмон аз бурду бохт ва нақшаҳо гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз коҳиши камбизоатӣ то афзоиши маош: Эмомалӣ Раҳмон аз бурду бохт ва нақшаҳо гуфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Аз коҳиши камбизоатӣ то афзоиши маош: Эмомалӣ Раҳмон аз бурду бохт ва нақшаҳо гуфт

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки бо баҳрабардории комил аз нерӯгоҳи обии «Роғун», ин кишвар аз рӯи тавлиди «нерӯи сабз» дар ҷаҳон ба зинаи чорум мебарояд.

Рӯзи 10 июн таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои миллии рушди ин кишвар бо ширкати шарикони рушд ва роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ баргузор шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин ҷаласа аз рафти татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 натиҷагирӣ шуда, афзалиятҳои минбаъдаи рушд ва ҷалби таваҷҷуҳи шарикони рушд ҷиҳати зиёд намудани маблағҳо барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии ин кишвар муайян гардид.

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии хеш таъкид кард, ки гарчанде ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз оғози татбиқи Стратегияи миллии рушд то имрӯз 1,6 баробар зиёд шудааст, вале ин ҳанӯз кофӣ нест, зеро барои татбиқи стратегияи мазкур 118 миллиард доллар пешбинӣ гардидааст.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, барои чорабиниҳои марҳалаи якуми Стратегияи миллии рушд 125 миллиард сомонӣ зарур буд, ки он ҳамагӣ 72 дарсад маблағгузорӣ шуда, вазъи маблағгузории чорабиниҳои марҳалаи дуюми он низ беҳбудиро тақозо менамояд.

Дар идома зикр шуд, ки барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ барои давраи солҳои 2021 – 2030 беш аз 90 миллиард доллар муайян шудааст, ки ҳиссаи буҷети давлатӣ ва шарикони рушд дар он 53,7 дарсадро (49,7 миллиард доллар) ташкил медиҳад ва ҳиссаи боқимонда ба бахши хусусӣ рост меояд.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳарчанд ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барнома ва нақшаҳои кории Чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҷиҳати рушди устувор барои солҳои 2023 – 2026 бо маблағгузории 368 миллион доллар тасдиқ гардидааст, танҳо 36 фоизи сарчашмаҳои маблағгузории барномаи мазкур муайян аст.

Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ дар ҳашт соли охир суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 7,4 фоизро ташкил дод.

Раисҷумҳури Тоҷикистон иброз доштанд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 2,6 баробар ва ба ҳар нафар аҳолӣ 2,3 баробар, даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар, музди кор беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон дар Тоҷикистон 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин замина таъкид шуд, ки дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 31,3 дарсади соли 2015 то 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёфта, Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед