Ru  | Tj
Аз корвони тӯёна ба ҳабси маъмурӣ. Дар Узбекистон 16 нафар боздошт шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз корвони тӯёна ба ҳабси маъмурӣ. Дар Узбекистон 16 нафар боздошт шуд
Акс: gazeta.uz

Аз корвони тӯёна ба ҳабси маъмурӣ. Дар Узбекистон 16 нафар боздошт шуд

Нашр шуд

Дар вилояти Фарғонаи Узбекистон 16 нафар иштирокдори як маросими арӯсӣ ба муддати 15 рӯз боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои пойгоҳи хабарии gazeta.uz, дар вилояти Фарғона 16 нафар, ки дар худравҳои бидуни рақами давлатӣ ҳаракат ва дар сари роҳ таваққуф карда, ба ҳаракати мошинҳои дигар халал мерасонданд, боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин афрод дар кӯчаи марказӣ бо корвони тӯй ҳаракат карда, қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон карда ва барои ин ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ба навиштаи ин манбаъ, худравҳои ин афрод дар таваққуфгоҳи ҷаримавӣ ҷойгир карда шудааст. Додгоҳ дар ҷараёни мурофиа ҳукм кардааст, ки 16 кас ба муҳлати 15 рӯз ҳабси маъмурӣ муҷозот шаванд. Дар поёни мурофиа маҳкумшудагон узрхоҳӣ карда, аз кори кардаашон пушаймон шудаанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки пеш аз ин дар як маросими арӯсӣ дар вилояти Намангони Узбекистон домод либоси арабӣ ба бар карда, ба рӯйи арӯс ниқоб пӯшонида буд. Вазорати корҳои дохилии Узбекистон эълон кард, ки таблиғи нобаробарии гендерӣ ва интишори ғайриқонунии маводи дорои мазмуни мазҳабӣ дар ин кишвар манъ аст. Ба ин хотир домод "шайхи араб" ҷарима карда шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед