Ru  | Tj
Аз маконҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор сайёҳ боздид кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз маконҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор сайёҳ боздид кардааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Аз маконҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор сайёҳ боздид кардааст

Нашр шуд

Соли ҷорӣ беш аз 5000 сайёҳ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дидан карданд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 3400 ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меъморӣ мавҷуд аст.

Хабаргузории «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки аз оғози соли ҷорӣ зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Қобили зикр аст, ки соли 2023 дар Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис ёфт, ки ҳадафи таъсиси ин ниҳод тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва инчунин рушди сайёҳӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар солҳои 2021-2023 барои иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ 8 млн 745  сомонӣ маблағгузорӣ шуд.

Бо сарфи ин маблағҳо, аз ҷумла «Қалъаи Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, масҷиди таърихии «Шоҳи Хомуш» дар ноҳияи Муъминобод, шаҳраки «Тахти Сангин» дар ноҳияи Қубодиён, Мақбараи "Хоҷа Сангхок" дар ноҳияи Варзоб, мақбараҳои "Хоҷа Нақшрон" дар шаҳри Турсунзода тармим гардиданд.

Хотиррасон мекунем, ки соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Аз ҷумла ба феҳристи ғайримоддии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО  мероси  фарҳанги миллии тоҷикон,  “Чакан”, “Оши палов”, “Шашмақом”, “Рубоб”, “Наврӯз”, “Фалак” ворид кардааст.

Дар баробари ин соли 2024 Тоҷикистон 11 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод намуд, ки ин ёдгориҳо «Қалъаи Ҳулбук», «Шаҳристони Ҳулбук», «Манзартеппа», «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ, ёдгории «Золи Зар», мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин» дар ноҳияи Данғара, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир (ноҳияи Фархор), «Хишттеппа» дар ноҳияи Ховалинг, Дайри буддоии «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш ва шаҳраки Ҳалевард- Кофирқалъа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.
 
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ин кишвар 3 ҳазору 413 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла 2 ҳазору 408 ёдгории бостонӣ, 798 ёдгории меъморӣ ва 441 ёдгории монументалӣ сабт шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед