Ru  | Tj
Аз мактаб то коллеҷу беморхонаи сироятӣ ва корхонаи равған. Ифтитоҳи иншоотҳои нав дар Данғара

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз мактаб то коллеҷу беморхонаи сироятӣ ва корхонаи равған. Ифтитоҳи иншоотҳои нав дар Данғара
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз мактаб то коллеҷу беморхонаи сироятӣ ва корхонаи равған. Ифтитоҳи иншоотҳои нав дар Данғара

Нашр шуд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди худ аз шаҳру навоҳии Хатлон ба ноҳияи Данғара рафта, чандин ишооти таъиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

Дафтари матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар деҳоти Корез, бинои нави шуъбаи ноҳиявии ҳифзи муҳити зист, коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ, корхонаи истеҳсоли равғани “Файзи Алӣ”, маркази барқарорсозии “Нури тиб” дар деҳоти Пушинг, майдони Парчами давлатӣ, беморхонаи сироятии вилоятӣ, маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқаворӣ ва дар ҷамоати Оқсуй хати оби нӯшокӣ ва боғи фарҳангӣ фароғатии “Симурғ” ба баҳрабардорӣ расидааст.

Манбаъ Ҳадафи ташрифи Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии Хатлонро оғоз бахшидан ба фаъолияти як зумра иншооти нав, шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосилу гузаронидани кишти такрорӣ ва мулоқот бо фаъолон гуфтааст.

Рӯзҳои пеш Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳи Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон боздид анҷом дода буд. 

Ифтитоҳи 200 корхона дар 9 моҳ

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед