Ru  | Tj
Аз ҷониби Президент ба 120 нафар унвону ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ тақдим гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз ҷониби Президент ба 120 нафар унвону ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ тақдим гардид
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби Президент ба 120 нафар унвону ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ тақдим гардид

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон дар як маросими вижа дар Қасри миллат ба 120 нафар корманди бахшҳои гуногун унвону мукофотҳои давлатӣ тақдим кард.

Дафтари матбуоти Сарвари давлат хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми август ба теъдоде аз намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти худ ба натоиҷи назаррас ноил шудаанд, мукофот ва унвону ҷавоизи давлатӣ тақдим намуд.

Дар ин маросим аз дасти Президент 34 нафар унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 5 нафар унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон гирифтанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба 12 олими ҷавон ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ супорид.

Ҳамасола дар остонаи таҷлил аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони касбу кори гуногуни кишвар унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим менамояд. Соли гузашта низ 70 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаву унвон ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуда буданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед