Ru  | Tj
Аз партовҳои алюминӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ дар Суғд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз партовҳои алюминӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ дар Суғд
Акс: Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Аз партовҳои алюминӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ дар Суғд

Нашр шуд

Дар чаҳорчӯби сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корхонаҳои нави саноатӣ дар заминаи тавлиди филизот ба баҳрабардорӣ расиданд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 9-уми апрел дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи истеҳсолии ширкати «Титан 8888» ифтитоҳ шуд, ки таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои бузурги равшанидиҳанда истеҳсол мекунад.

Корхонаи мазкур бо харҷи беш аз 25 милён сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар он бо истифода аз хатҳои муосири фанноварӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Русия харидорӣ шудааст, дар як моҳ 500 тон ва дар як сол 6 ҳазор тон партови алюминий тавлид ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад.

Дар айни замон дар ин корхона 2 намуди таҷҳизоти гармидиҳӣ, 3 намуд чароғакҳои равшанидиҳанда ва беш аз 20 намуд дег барои рӯзгор бо ҳаҷми аз 2 то 300 литр истеҳсол карда мешаванд.

Таъкид мешавад, ки баъди ифтитоҳи корхонаи мазкур имкон аст бештар аз 50 дарсади талаботи бозори дохилии Тоҷикистон бо таҷҳизоти гармидиҳии радиатор, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда таъмин шавад.

Ҳамчунин рӯзи 9-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли “Ванадий”-и коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ” пас аз анҷоми корҳои бозсозӣ шинос шуд.

Гуфта мешавад, ки коргоҳи мазкур аз солҳои 80-уми асри гузашта бекор буд ва пас аз танаффуси тӯлонӣ хатти аввали истеҳсолии коргоҳ пурра бозсозӣ гардида, дар он истеҳсоли “Поливанадати аммоний” ва “Панҷоксидаи ванадий” роҳандозӣ гардидааст.

Коргоҳ иқтидор дорад, ки дар як сол то 200 тон маҳсулот истеҳсол карда, ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод кунад. Маҳсулоти истеҳсолшуда таъйиноти содиротӣ дошта, ба Русия, кишварҳои Аврупо ва Узбекистон содирот мешавад.

Коргоҳ дар асоси ашёи хоми воридотӣ фаъолият карда, ҳамкорӣ бо корхонаҳои азими Русия ва Узбекистон барои дастрассозии ашёи хом ба роҳ монда шудааст.

Таъкид мешавад, ки “Ванадий” барои мустаҳкамсозии таркиби метал, тобовар кардани он ба гармиву сардии аз меъёр зиёд ва дар саноати истеҳсоли рангҳои ороишӣ ба таври васеъ истифода карда мешавад. 

Дар ин баробар дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон тарҳҳои “Корхонаи раванди холисгардонии тило ва нуқра”, “Корхонаи безараргардонии замин ва полоиши партовҳои саноатӣ” ва “Маркази муосири логистикӣ” муаррифӣ шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед