Ru  | Tj
Аз сафари Путин то муҳоҷирату Афғонистон. Муҳриддин ва Лавров масоили муҳимми ҳамкориро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз сафари Путин то муҳоҷирату Афғонистон. Муҳриддин ва Лавров масоили муҳимми ҳамкориро баррасӣ карданд
Акс: Интернет

Аз сафари Путин то муҳоҷирату Афғонистон. Муҳриддин ва Лавров масоили муҳимми ҳамкориро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Дар дидори вазирони хориҷии Тоҷикистону Русия дар Маскав масоили омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқуи Владимир Путин ба Душанбе баррасӣ шуд.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷӣ, 5-уми сентябр Сироҷиддин Муҳриддин бо даъвати ҳамтои руси худ Сергей Лавров ва ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миëни ду кишвар бо як сафари расмӣ ба Маскав рафта буд.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти Муҳриддин ва Лавров масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Вазирон ҳамчунин масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Русияро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намудаанд.

Манбаъ меафзояд, Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров ҳамчунин ба масъалаи омодагиҳо ба Форуми сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки қарор аст 15-уми сентябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳ кардаанд.

Ҷониби Русия ба тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти ҳифз ва рушди забони русӣ баҳои баланд дода, омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар моҳи октябри соли 2022 таъкид намудааст.

Ҳамчунин, дар мулоқоти Муҳриддин ва Лавров мувофиқа ҳосил шудааст, вазоратҳои хориҷӣ минбаъд низ ба сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ҳалли фаврии ҳама масъалаҳои мубрами марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат кунанд.
Масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи амният бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунӣ дар Афғонистон аз дигар меҳварҳои ин мулоқот будааст.

Дар натиҷаи мулоқоту музокирот Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русияро барои солҳои 2022-2023 имзо намудаанд.

Русия аз шарикони муҳимми стратегии Тоҷикистон аст ва ҳамкории Душанбеву Маскав дар ҳама заминаҳо ба таври пайваста рушд меëбанд. Чанд рӯз қабл сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин тариқи видеоконфронс дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби тозабунëди русӣ дар Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ карда, ба зарурати рушди бештари муносибот таъкид карда буданд.

Дар шаҳри Екатеринбург Маркази фарҳангии тоҷикон бунëд меëбад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед