Ru  | Tj
Аз “Талош”-и Соҳибёр то “Адонис XIV”-и Содиқов. Дар Душанбе фестивали филмҳои беовоз барпо мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз “Талош”-и Соҳибёр то “Адонис XIV”-и Содиқов. Дар Душанбе фестивали филмҳои беовоз барпо мешавад
Акс: ASIA-plus

Аз “Талош”-и Соҳибёр то “Адонис XIV”-и Содиқов. Дар Душанбе фестивали филмҳои беовоз барпо мешавад

Нашр шуд

Ҳафтаи оянда дар пойтахти Тоҷикистон фестивали филмҳои беовоз баргузор мешавад, - хабар медиҳад “Тоҷикфилм”.

Ба иттилои манбаъ, аз 24-ум то 26-уми ноябр дар Душанбе дар робита ба пойтахти фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани пойтахти Тоҷикистон дар соли 2021 Фестивали филмҳои беовоз барпо мегардад. 

Гуфта мешавад, ин фестивал бо кӯмаки Донишкадаи Гётеи Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо “Тоҷикфилм” баргузор гардида, дар доираи он дар кинотеатрҳои ба номи Тоҳир Собиров ва “Ватан” ба алоқамандони кино 10 филми беовоз манзур мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар ин фестивал 6 филми ҳунариву мустанади истеҳсоли “Тоҷикфилм”, 2 филми тавлиди “Ӯзбекфилм” ва 2 филми тасвирӣ - яке аз коргардонҳои олмонӣ ва дигар аз Лолисанам Уғулова ба намоиш гузошта мешавад. 

«Талош» (муаллиф ва коргардон Соҳибёр Толиб), «Муҳоҷир» (коргардон К. Ёрматов), «Вақте ки амирон мемиранд» (коргардон Л. Печорина), «Омадани аввалин қатора ба Душанбе» (наворбардорон В. Кузин, А. Шевич, Н. Гезулин), «Зилзила дар Янгибозор» (коргардон Л. Райгородский) ва «Адонис XIV»-и коргардон Бақо Содиқов номгӯи филмҳои тавлиди “Тоҷикфилм” ҳастанд, ки дар ин фестивал намоиш дода мешаванд. 

Бояд гуфт,  аввалин филме, ки дар Тоҷикистон таҳия гардидааст, филми “Ҳуқуқи бошараф”-и коргардон Комил Ёрматов дар соли 1932 мебошад. Ҳамчунин санъатшиносон филми “Муҳоҷир”-и  ин коргардонро, ки соли 1934 сохта шудааст,  чун намунаи барҷастатарини филми бадеии беовози тоҷик эътироф кардаанд. 

“Талош”-и коргардони ҷавон Соҳибёри Толиб таҷрибаи дигар дар самти таҳияи филмҳои беовоз аст, ки солҳои охир рӯи навор омадааст.

Фестивали “Боми ҷаҳон” имсол тариқи онлайн ҷараён дорад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед