Ru  | Tj
Азиза Юсуфӣ - Раиси созмони иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсии тоҷикони Самарқанд даргузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Азиза Юсуфӣ - Раиси созмони иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсии тоҷикони Самарқанд даргузашт
Акс: Интернет

Азиза Юсуфӣ - Раиси созмони иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсии тоҷикони Самарқанд даргузашт

Нашр шуд

Бародарзодаи шоири ватансаро, иштирокчии ҶБВ Ҳабиб Юсуфӣ - Азиза Юсуфӣ яке аз фаъолони ҳаракати худшиносии тоҷикони Самарқанд даргузашт.

Имрӯз Азиза Юсуфӣ, бародарзодаи шоири хушноми тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ дар шаҳри Самарқанд даргузашт. Дар ин бора Ҳаким Рабимпур яке аз фаъолони ҳаракати худшиносии тоҷикон дар Ӯзбекистон ва аз ёрони ҳамфикру ҳаммаслаки бону Юсуфӣ дар саҳфаи фейсбукяш хабар додааст.

Раббимпур навиштааст, ки "муаллима нахустин ровии бахши тоҷикии радиои вилоят (Самарқанд - АП) буданд. Аз соли 1991 дар мушкилтарин ҳолатҳои фаъолияти ҷамъияти тоҷикони Самарқанд ва кишварамон, раиси созмонамон буданд. Аз минбарҳои баланди кишварамон, Тоҷикистон, созмонҳои ҳуқуқи башар, манфиатҳои миллатро дифоъ кардаанд, ки ҳеҷ аз ёди рушанфикрони бедор намебарояд".

Азиза Юсуфӣ, соли 1944 дар ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда буд. Баъди хатми мактаби миёна, бахши тоҷикии риштаи забону адабиёти донишгоҳи Самарқандро хатм кардааст. Баъдан дар донишкадаи омӯзгории муаллимони Самарқанд ба унвони омӯзгор ва дар мақомҳои раҳбарӣ кор кардааст.



Раҷабмад Амиров собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон даргузашт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед