Ru  | Tj
Қазоқистон 94 %-и ниёзи Тоҷикистон бо гази моеъро таъмин мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон 94 %-и ниёзи Тоҷикистон бо гази моеъро таъмин мекунад

Қазоқистон 94 %-и ниёзи Тоҷикистон бо гази моеъро таъмин мекунад

Нашр шуд

Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 230 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид.

Қазоқистон таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо гази моеъ буда, 94 дарсади талаботи бозори дохилӣ бо ин навъи сӯхтро таъмин мекунад.

Дар ин бора хабаргузории «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои ин манбаъ, дар 7 моҳи соли ҷорӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 230,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 208,2 ҳазор тонна гази моеъ, 21,6 тонна кокси нафтӣ ва 477 тонна равғанҳои молиданӣ ворид карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 22 август дар доираи сафари давлатии Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон, дар Душанбе ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ байни вазоратҳои энергетикаи ду кишвар ба имзо расид.

Дар доираи ин санад Душанбе ва Остона ҳамкориро дар соҳаи нафту газ, хусусан дар соҳаи иктишоф, истихроҷ, майдонҳои нафту газ, интиқоли нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, айни замон 14 ширкат ба воридоти гази моеъ ба ин кишвар машғул ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки тайи ду моҳи охир қимати гази моеъ дар бозори Тоҷикистон якбора афзоиш ёфта, аз 5.8 сомонӣ барои як литр то ба 8 сомонӣ боло рафт.

Тибқи омори расмӣ, дар соли гузашта ба Тоҷикистон 410,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед