Ru  | Tj
Қазоқистон аз аввали сол ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 2.5 млн тон гандум содирот кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон аз аввали сол ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 2.5 млн тон гандум содирот кардааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Қазоқистон аз аввали сол ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 2.5 млн тон гандум содирот кардааст

Нашр шуд

Қазоқистон дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 2,5 миллион тонна ғалла содир кардааст. Узбекистон бо харидории 1,8 миллион тонна, бузургтарин воридкунандаи ғаллаи Қазоқистон шуд.

Узбекистон аз рӯи воридоти ғалла ҳатто аз Чин пеш гузашт, ки дар ин  давра 1,1 миллион тонна ғалла аз Қазоқистон ворид кардааст.

Дар давоми ҳашт моҳи соли 2024 тавассути шабакаи «Роҳи оҳани Қазоқистон» беш аз 5,2 миллион тонна ғалла интиқол дода шуда, аз ин миён 4 млн тоннаи он ба хориҷа содир шудааст, хабар медиҳад Rail-news.kz.

Зикр мешавад, ки ин маълумот дар як ҷаласаи ситоди фаврӣ таҳти раёсати муовини сарвазири Қазоқистон, Серик Жумангарин пешниҳод гардид. Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки ҳиссаи асосии содироти ғаллаи Қазоқистон дар ҳаҷми 2,5 миллион тонна ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд.

Дар ин муддат ғаллаи Қазоқистон ба Узбекистон дар ҳаҷми 1,8 миллион тонна, 600 ҳазор тонна ба Тоҷикистон ва 100 ҳазор тонна ба Туркманистону Қирғизистон содирот шудааст. 

«Дар 12 рӯзи моҳи сентябр ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 132 ҳазор тонна интиқол дода шуд, ки ин нисбат ба моҳи сентябри соли 2023 2,5 маротиба бештар аст. То охири моҳ ҳаҷми интиқоли ғалла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 250 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад”, - гуфт Уринбасаров, раҳбари ширкати "Роҳи оҳани Қазоқистон".

Тибқи иттилои расмӣ, то рӯзи 16 сентябр дар Қазоқистон ҳосили 44 дарсади майдони кишти ғалла даравида шуда, 10,8 миллион тонна ғалла куфта шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед