Ru  | Tj
Қазоқистон ба далели шиддати нави COVID-19 қоидаҳои вурудро сахттар мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон ба далели шиддати нави COVID-19 қоидаҳои вурудро сахттар мекунад
Акс: RT

Қазоқистон ба далели шиддати нави COVID-19 қоидаҳои вурудро сахттар мекунад

Нашр шуд

Аз 3-юми декабр Қазоқистон вуруди шаҳрвандони чанд кишвари Африқо ва Ҳонконгро ба далели зуҳури коронавируси "омикрон" маҳдуд менамояд.

Ба иттилои "Коммерсант", муовини аввали Вазири тандурустии Қазоқистон Марат Шоранов қайд намудааст, ки қоидаҳои вуруди сокинони як қатор кишварҳо, ки дар  онҳо нахустин ҳолатҳои гирифторшавӣ ба навъи нави "COVID-19" ба қайд гирифта шудааст, сахттар мегардад.

Ба иловаи манбаъ, вуруд ба Қазоқистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ботсвана, Лесото, Намибия, Зимбабве, Мозамбик, Мадагаскар, Эсватини, Малави, Танзания ва Ҳонконг маҳдуд карда мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳангоми вуруд ба Қазоқистон аз сокинони Австралия, Белгия, Британияи Кабир, Германия, Миср, Исроил, Италия, Канада, Нидерландия ва Чехия мувофиқ ба қоидаи ҷоригардида тести PCR талаб карда шуда, инчунин шаҳрвандони давлатҳои зикргардида ба карантини ҳафтрӯза фаро гирифта мешаванд.

Бояд гуфт, ки нахустин ҳолатҳои гирифторшавӣ ба навъи нави COVID-19 - "омикрон" дар Африқои Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудааст. Пасон, ҳолатҳои сироятёбӣ дар якчанд кишвари Аврупо, аз ҷумла дар Британияи Кабир, Олмон ва Ҷумҳурии Чех низ ошкор гардидааст.


Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва UNODC барномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед