Ru  | Tj
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон кӯмак мерасонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон ба Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон кӯмак мерасонад
Акс: kursiv.kz

Қазоқистон ба Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон кӯмак мерасонад

Нашр шуд

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Қазоқистон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон, дар рафти сӯҳбат вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенант Нурлан Ермекбаев ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо масъалаи вазъ дар ноҳияҳои воқеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, масоили кӯмаки Қазоқистон ба Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ намудани хатарҳои мавҷуда дар маркази диққат гузошта шуда, он пурра шарҳ дода нашудааст.

Дар баробари ин, роҳбарони Вазорати мудофиаи ин ду кишвар дар атрофи ҷаласаи ояндаи вазирони мудофиаи давлатҳои узви СҲШ, ки дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, мубодилаи афкор намуданд.

Беш аз 230 ҳазор нафар дар чорабинии санҷиши омодагии ҷангии "Марз-2021" иштирок доштанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед