Ru  | Tj
Қазоқистон беш аз 5,4 млрд метри мукааб газ содир кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон беш аз 5,4 млрд метри мукааб газ содир кардааст
Акс: Аз манбаъҳои боз

Қазоқистон беш аз 5,4 млрд метри мукааб газ содир кардааст

Нашр шуд

Дар 11 моҳи соли 2024 Қазоқистон ба хориҷи кишвар 63,2 миллион тонна нафт содир кард. Дар ин бора вазири энергетика, Алмасадам Саткалиев дар ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон изҳор дошт.

Гуфта мешавад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 1,1 миллион тонна ё худ 1,7 дарсад камтар аст.

Ҳамчунин дар ин муддат Қазоқистон 5,4 миллиард метри мукааб гази табиӣ содир кардааст. Ин рақам дар қиёс даври мушобеҳи соли гузашта 1 млн метри мукааб ё худ 1,9 дарсад зиёд аст.

Дар баробари ин ба гуфтаи Алмасадам Саткалиев, дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар Қазоқистон 53,8 миллиард метри мукааб газ истихроҷ шудааст. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба ба соли гузашта 0,2 дарсад зиёд аст.

Дар идома зикр мешавад, ки дар ин муддат дар Қазоқистон 2 миллиону 750 ҳазор тонна гази моеъ истеҳсол шудааст, ки назар ба соли гузашта 3 дарсад зиёд аст.

Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистон қисмати асосии гази моеи мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад.

Тибқи омори расмӣ, дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон беш аз 211 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед