Ru  | Tj
Қазоқистон дар оянда аз нерӯгоҳи обии "Роғун" барқ дарёфт хоҳад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон дар оянда аз нерӯгоҳи обии "Роғун" барқ дарёфт хоҳад кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Қазоқистон дар оянда аз нерӯгоҳи обии "Роғун" барқ дарёфт хоҳад кард

Нашр шуд

Масъалаҳои таъмини мутақобилаи нерӯи барқ миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон зимни як ҷаласа дар Остона баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то 15 октябри соли ҷорӣ барои танзими табодули нерӯи барқ байни шабакаҳои энергетикии кишварҳои ҳамсоя қарордод имзо кунанд.

Вазири энергетикаи Қазоқистон Алмасадам Сатқалиев рӯзи 28 август бо Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазири Тоҷикистон ва Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳои энергетикӣ музокирот кард. Дар ин бора Вазорати энергетикаи Қазоқистон иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат роҳбари Вазорати энергетикаи Қазоқистон аз нияти ҳамкории ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи энергетика истиқбол кард.
«Бо қаноатмандӣ зикр мекунам, ки дар доираи тафоҳумномаи нишондодҳои техникӣ ва шартҳои тиҷоратӣ содироти эҳтимолии нерӯи барқ аз нерӯгоҳи "Роғун" ба Қазоқистон бо дарназардошти мавҷудияти имкониятҳои техникӣ ба воситаи шабакаҳои барқии Узбекистон пешбинӣ шудааст”, - гуфт Алмасадам Сатқалиев.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то 15 октябри соли ҷорӣ бо ниҳодҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ имкони бастани созишномаҳо дар заминаи танзими табодули нерӯи барқ байни шабакаҳои энергетикии кишварҳои ҳамсояро баррасӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки соли 2023 миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон ёддошти тафоҳум дар бораи интиқоли нерӯи барқи тавлидшуда дар неругоҳи "Роғун" барои солҳои 2023-2032 имзо шуда буд.

Бояд гуфт, ахиран ширкати байналмилалии Standard & Poor’s Global Ratings гузориш дод, ки ҳазинаи анҷоми тарҳи неругоҳи "Роғун" барои давраи то соли 2035 6,4 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Дар ин гузориш зикр мешавад, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ҳудуди 60 дарсади ҳаҷми умумии нерӯи барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳи "Роғун"  ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир хоҳад шуд.

Инчунин дар гузориш гуфта мешавад, ки нерӯгоҳи обии "Роғун" дар ҳоли ҳозир тақрибан 10-15% барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад. Интизор аст, ки Тоҷикистон давоми солҳои 2024-2035 аз фурӯши нерӯи барқ 1,1 миллиард доллар фоида ба даст орад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед