Ru  | Tj
Қазоқистон «эътимоднома»-и кордори сафорати Толибон* дар Остонаро пазируфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон «эътимоднома»-и кордори сафорати Толибон* дар Остонаро пазируфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Қазоқистон «эътимоднома»-и кордори сафорати Толибон* дар Остонаро пазируфт

Нашр шуд

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон аз қабули эътимодномаи Муҳаммадраҳмон Раҳмонӣ, кордори сафорати Толибон* дар ин кишвар хабар дод.

Радио ва телевизиони миллии ҳукумати Толибон* рӯзи 22 август бо истинод ба изҳороти ин вазорат хабар дод, ки Раҳмонӣ бо Алибек Бакаев, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон мулоқот кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Бакаев пазириши кордори сафорати Толибон* дар Остонаро барои густариши равобити тиҷории Қазоқистон ва Афғонистон муҳим хонд.

Зимни мулоқот Бакаев изҳор дошт, ки пазириши Раҳмонӣ ба ҳайси кордори корҳои Афғонистон дар Қазоқистон бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва башардӯстона байни ду кишвар анҷом шуд.

Вазорати хориҷаи Қазоқистон таъкид мекунад, ки ҷалби фаъолонаи Афғонистон дар муносибатҳои минтақавӣ барои барқарор кардани иқтисодиёти ин кишвар, таъмини суботи иҷтимоӣ тавассути беҳбуди вазъи мардуми Афғонистон, инчунин ҳифзи сулҳу амният дар минтақа шароит фароҳам меорад.

Дар идома зикр мешавад, ки Қазоқистон ҷонибдори муттаҳидсозии талошҳои байналмилалӣ барои расонидани кумак ба Афғонистон ва ҳалли мушкилоти башардӯстона дар ин кишвар аст.

Бо ин мақсад Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Алмаато Маркази минтақавии СММ дар заминаи ҳадафҳои рушди устувор барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъсис дода шавад.

Гуфтанист, Қазоқистон ҳукумати Толибон* дар Афғонистонро эътироф намекунад, аммо дар се соли ахир бо ин гурӯҳ равобити хубе барқарор кардааст. Аз ҷумла, давлати Қазоқистон чанд моҳ қабл гурӯҳи Толибон*-ро аз феҳристи "гурӯҳҳои террористӣ" дар ин кишвар хориҷ кард.


  *- созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед