Ru  | Tj
Қазоқистон ва Тоҷикистон ба маблағи 900 миллион доллар қарордод имзо карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон ва Тоҷикистон ба маблағи 900 миллион доллар қарордод имзо карданд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Қазоқистон ва Тоҷикистон ба маблағи 900 миллион доллар қарордод имзо карданд

Нашр шуд

Дар пайи поёни ҳамоиши сармоягузории Қазоқистону Тоҷикистон дар Душанбе созишнома ва қарордодҳои тиҷоратӣ ба маблағи ҳудуди 900 миллион доллар ба имзо расид, хабар медиҳад Kazinform бо истинод ба дафтари матбуоти ҳукумати Қазоқистон.

Ин ҳамоиш рӯзи 21 август таҳти раҳбарии Роман Скляр, муовини аввали нахуствазири Қазоқистон ва Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон баргузор шуд.

Роман Скляр зимни суханронии худ гуфт, ки Қазоқистон ва Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бисёр соҳаҳо имкониятҳои зиёд доранд ва баргузории ин ҳамоиш далели равшани ниятҳои ду кишвар барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошад.

Скляр дар идома дар бораи кори муштарак дар самти васеъ намудани номгӯи молҳои таҳвилшаванда, амиқтар кардани ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамгироии саноатӣ ва зиёд намудани интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ гузориш дод.

Дар ин замина ба аҳамияти идомаи ҳамкории корхонаҳои металлургӣ ва мусоидат дар густариши ҳаҷми лоиҳаҳои муштараки кишоварзӣ дар соҳаи истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва меваю сабзавот бо мақсади содироти минбаъдаи онҳо ба бозорҳои кишварҳои сеюм таъкид шуд.

Илова бар ин, ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои нақлиёт ва фановариҳои иттилоотӣ вуҷуд доранд. Ҳамзамон, аз ҷониби Қазоқистон фароҳам овардани тамоми шароит барои рушди ҳамлу нақли транзитӣ таъкид гардид.

Тибқи иттилои расонаҳои қазоқӣ, аз соли 2005 то 2023 Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон 576 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, ки он ба хизматрасониҳои молиявӣ, иртиботот, энержӣ, тиҷорат, сохтмон, саноат, истеҳсоли орд, иктишофи геологӣ ва истихроҷи маъдан равона шудааст.

Гуфтанист, Қазоқистон ба панҷгонаи шарикони тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон шомил буда, инчунин яке аз сармоягузорони калидӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Мубодилоти тиҷоратии дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли гузашта 1,148 млрд долларро ташкил дода, ҳукуматҳои ҳарду кишвар вазифадор шудаанд, ки онро ба 2 миллиард доллар расонанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед