Ru  | Tj
Қазоқистон ва Ӯзбакистон аломатгузории марзро ба итмом расониданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон ва Ӯзбакистон аломатгузории марзро ба итмом расониданд
Акс: kun.uz

Қазоқистон ва Ӯзбакистон аломатгузории марзро ба итмом расониданд

Нашр шуд

Қазоқистон ва Ӯзбекистон масъалаи аломатгузории марзи муштаракро, ки 2356 километр тӯл дорад, ҳал карданд. Қонуни дахлдорро Сенати Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи 16-уми март қабул кард.

Тибқи иттилои пойгоҳи  Vlast.kz, Роман Василенко, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, ки аломатгузории сарҳад дар асоси созишномаҳои марзи давлатии Қазоқистону Ӯзбекистон аз солҳои 2001 ва 2022 сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вай, музокироти аломатгузории марз миёни ду кишвар дар соли 2003 оғоз шуда, корҳои саҳроӣ барои насби аломатҳои сарҳадӣ дар замин аз соли 2004 то соли 2021 идома ёфтанд.

«Дар давоми 19 соли охир 100 ҷаласаи коргурӯҳи муштараки аломатгузории Қазоқистону Ӯзбекистон ва 34 ҷаласаи гурӯҳи кории муштараки марзӣ баргузор шуд. Тибқи натоиҷи корҳои аломатгузорӣ тӯли марз 2356 ҳазор километрро ташкил дода, дар хати сарҳад 1301 аломат насб шуд. Натиҷаҳои марзбандӣ дар асноди ҳаҷмашон беш аз 8000 саҳифа, ки ҷузъи ин созишнома буданд , ҳамчун замимаи он ҳамроҳ карда шуд», - гуфт Роман Василенко.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Василенко, дарозии марзи муштараки байни кишварҳо 2356 километру 666 метр буда, 5 километр бештар шудааст.

Вай итминон дод, ки аломатгузории марз бо назардошти манфиатҳои мақомоти давлатӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Қазоқистон, аҳолии ноҳияҳои наздимарзӣ ва инчунин бо назардошти талаботи Кумитаи марзбонӣ анҷом дода шуд.

Ёдовар мешавем, 22 декабри соли 2022 дар ҷараёни сафари Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ба Ӯзбекистон мулоқоти ӯ бо Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, ки дар натиҷа Созишномаи байнидавлатӣ дар бораи аломатгузории марзи давлатӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед