Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Қазоқистон воридоти гандумро тавассути нақлиёти автомобилӣ барои 6 моҳ манъ хоҳад кард
Нашр шуд
Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки барои шаш моҳ воридоти гандумро ба ин кишвар тавассути мошинҳо манъ кунад. Дар ин бора ахиран дафтари матбуотии Вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар дод.
«Ин тасмим ба вазъи кунунии бозори ғалла ва орди Қазоқистон, ки тайи чанд соли ахир бар асари воридоти ғайриқонунии гандум ранҷ мебурд, бастагӣ дорад», - гуфта мешавад дар хабарномаи ин вазорат.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, ҳаҷми воридоти ба истилоҳ гандуми пинҳонӣ дар як сол ба 1,5-2 миллион тонна расида, ин ҳолат ҳамасола 500 миллион доллар ба буҷаи давлат зарар ворид мекунад.
Сабаб он аст, ки гандуми воридотӣ бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба ширкатҳои кишоварзӣ дода шуда, дар шакли содироти дубора пинҳонӣ ва бидуни пардохти боҷи транзитӣ ба Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол мешавад.
Таъкид мешавад, ки дар пайи ин вазъият дар бозори дохилии Қазоқистон нархи гандум коҳиш ёфтааст. Ба унвони мисол аз аввали моҳи июли соли 2022 арзиши гандум аз 170-185 ҳазор танга (373-406 доллар) то 80-85 ҳазор танга (175-186 доллар) барои як тонна поин рафт, тавзеҳ додааст Вазорати кишоварзии Қазоқистон.
Ба иттилои ин вазорат, соли гузашта дар Қазоқистон ҳосили ҷамъоварии умумии гандум 38,9 дарсад афзуда, 16,4 миллион тоннаро ташкил дод. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 марти соли 2023 дар бозори дохилии ин кишвар бақияи ҳосили ғалла дар ҳаҷми 10,4 миллион тонна мавҷуд аст.
Таъкид мешавад, ки соли гузашта Қазоқистон беш аз 13,2 миллион тонна ғалла ва орд ба хориҷа содир кард, ки нисбат ба соли 2021 46,7 дарсад зиёд аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед