Ru  | Tj
Аъзоёни СААД пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории ҷаласа дар Тоҷикистонро пазируфтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аъзоёни СААД пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории ҷаласа дар Тоҷикистонро пазируфтанд
Расм аз Khovar.tj

Аъзоёни СААД пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории ҷаласа дар Тоҷикистонро пазируфтанд

Нашр шуд

Рӯзи 30 ноябр Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Маҷлиси 13-уми Ассамблея тавассути видеоконфронс иштирок намуд. 

Дар ҷараёни мулоқотҳо дар баробари масъалаҳои ташкилӣ, натиҷаҳои корҳо оид ба татбиқи афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2020, чораҳои муқовимат бо хатару таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии қонунгузорӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, раванди татбиқи меъёрҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои ташкилот, лоиҳаи барномаи Ассамблеяи Парлумонӣ оид ба ҷамъоварӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии кишварҳои узв барои солҳои 2021-2025 ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Ассамблеяи Парлумонӣ баррасӣ шуданд. 

Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ҷаласа бо дарназардошти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2021 пешниҳод кард, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парлумонӣ дар нимаи аввали соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад. Иштирокчиёни маҷлис ин пешниҳодро якдилона қабул карданд. 

Э.Раҳмон: Ҳадафи СҲШ дар соли 2021 - тақвият додани муносибатҳои байнидавлатӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед