Ru  | Tj
Ба иқтисоди Суғд беш аз 320 млн доллар сармоя ҷалб шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба иқтисоди Суғд беш аз 320 млн доллар сармоя ҷалб шудааст
Акс: Аз манбаъҳои боз

Ба иқтисоди Суғд беш аз 320 млн доллар сармоя ҷалб шудааст

Нашр шуд

Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба иқтисоди вилояти Суғд 320,8 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст.

Ин нишондиҳанда баробари 119,1 дарсади ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда ба вилояти Суғд дар соли гузашта мебошад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.

Гуфта мешавад, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷумла, 248,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 72,5 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди вилояти Суғд равона шудааст.

Дар идома таъкид мешавад, ки дар ин муддат воридоти сармояи мустақим ба маблағи 141,1 миллион доллар анҷом шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 133,8 дарсадро ташкил медиҳад.

Бар асоси иттилои Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, айни замон дар вилояти Суғд 18 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед