Ru  | Tj
Ба истиқболи Мирзиёев. Муаррифии “Икки Пешво жасорати” дар Иттифоқи нависандагон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба истиқболи Мирзиёев. Муаррифии “Икки Пешво жасорати” дар  Иттифоқи нависандагон
Акс: Интернет

Ба истиқболи Мирзиёев. Муаррифии “Икки Пешво жасорати” дар Иттифоқи нависандагон

Нашр шуд

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму адаб ва ба муносибати сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Душанбе тарҷумаи ӯбекии китоби сеқисмаи адибон Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин муаррифӣ шуд.

Ато Ҳамдам дар сӯҳбат ба Halva.tj гуфт, ки ин китоб фарогири асари публитсистӣ – бадеии “Ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон”, романи “Роҳи бузурги Абрешим” ва асари публитсистии “Ҷасорати ду Пешво” буда, онро тарҷумони варзида Амонбой Ҷуманов ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

Маҳфилро Ато Мирхоҷа, муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагон ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки муаллифон дар ин асар кӯшидаанд талошҳои сарварони ду кишварро ҷиҳати тақвияти дӯстиву бародарии ду мардуми азалан дӯсту бародари тоҷику ӯзбек нишон диҳанд.


Ӯзбекистон гуфт, ки дар сафари Мирзиёев ба Душанбе 30 созишномаи нав ба имзо мерасад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед