Ru  | Tj
Бақияи қарзи молиёт (андозҳо) дар Тоҷикистон ба беш аз 720 милён сомонӣ расидааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бақияи қарзи молиёт (андозҳо) дар Тоҷикистон ба беш аз 720 милён сомонӣ расидааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Бақияи қарзи молиёт (андозҳо) дар Тоҷикистон ба беш аз 720 милён сомонӣ расидааст

Нашр шуд

Дар се моҳи соли равон бо вуҷуди таъмини нақшаи ҷамъоварии молиёт (андозҳо) дар Тоҷикистон бақияи қарзҳо 74 милён сомонӣ афзуда, ба 724 милён сомонӣ расидааст. Дар ин бора нашрияи “Боҷу хироҷ” дар шумораи тозаи худ хабар медиҳад.

Ба иттилоъи ин манбаъ, ахиран дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи молиёт аз фаъолияти семоҳаи ин мақомот натиҷагирӣ шуда, тибқи оморҳо иҷрои нақшаи ҷамъоварӣ дар ин муддат ба андозаи 105,9% таъмин гардид. Ҳамин таво ба ҷойи 4 милярду 532,9 милён сомонӣ, ба буҷаи давлатӣ 4 милярду 802,4 милён сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 269,5 милён сомонӣ зиёд мебошад.

Аз сӯйи дигар дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бақияи қарзи молиёт (бе дарназардошти қарзҳои ҶСК “НОБ Сангтӯда-1” – 186,6 милён сомонӣ) ба таърихи 1-уми апрели соли 2024 дар маҷмуъ 724 милён сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли равон 76,4 милён сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, ки маблағҳои нисбатан зиёди қарзи молиёт асосан ба ҶДММ “Талко Ресурс” – 75,4 милён сомонӣ, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – 57,3 милён сомонӣ, ҶСК “Тоҷиктелеком” ва корхонаҳои тобеъи он – 38,8 милён сомонӣ, ҶДММ “Анзоб” – 41,1 милён сомонӣ, “Кони ангишти Зиддӣ” – 15,5 милён сомонӣ ва ҶСК “Алюминсохтмон” – 20,2 милён сомонӣ рост меояд.

Дар баробари ин таъкид мешавад, ки дар семоҳаи якуми соли равон аз сӯйи мақомоти молиёт 4780 адад қарор дар бораи маҷбуран ситонидани молиёт ба маблағи 234,1 милён сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2023 қабулшуда дар маҷмуъ ба буҷаи давлатӣ 266,1 милён сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,5 милён сомонӣ зиёд аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед