Ru  | Tj
Ба мардуми деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим 470 тонна кумак ирсол шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба мардуми деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим 470 тонна кумак ирсол шуд

Ба мардуми деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим 470 тонна кумак ирсол шуд

Нашр шуд

Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим дар ВМКБ идома дошта, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ин деҳа 20 мошин кумаки моддӣ фиристода шуд.

Тибқи иттиллои мақомоти маҳалии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 7 август бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон барои сокинони деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим 470 тонна кумаки моддӣ ирсол гардид.

Кумакҳои фиристодашуда аз анвои маҳсулоти ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст.

Таъкид мешавад, ки айни замон барои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим зиёда аз 20 мошинолоти мухталиф кор мекунад.

Ҳамзамон, беш аз 400 нафар кормандони сохторҳои дахлдор ва шаҳрвандон барои бартарафкунии хисорот ба мардуми ин деҳа кумак мерасонанд.

Инчунин 200 нафар аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа ба ҷойи ҳодиса сафарбар мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки 4 августи соли ҷорӣ бар асари боло рафтани дамои ҳаво ва об шудани пиряхҳо деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошимро сел пахш кард.

Тибқи иттилои Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар натиҷаи ин офати табиӣ 13 манзили истиқоматии сокинон пурра, 13 манзил қисман хароб гардид.

Хушбахтона ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт.

Дар ҳоли ҳозир ҳайати ҳукуматӣ бо роҳбарии Ҳотамшо Латифзода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дар маҳали ҳодиса қарор доранд.

Бояд гуфт, ки дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим 111 хонавода ба шумули 968 нафар зиндагӣ дорад.


Қобили зикр аст, ки ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим  аз ҷамоатҳои дурдасти ин ноҳия буда, дорои 5 деҳа ва 6 ҳазор нафар аҳолӣ аст. Деҳаҳои ҷамоати мазкур аз сатҳи баҳр дар баландии зиёда аз 2 ҳазору  800 метр қарор доранд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед