Ru  | Tj
Ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон 2,3 милярд сомонӣ сармоягузорӣ шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон 2,3 милярд сомонӣ сармоягузорӣ шудааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон 2,3 милярд сомонӣ сармоягузорӣ шудааст

Нашр шуд

Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2023 ахиран зимни як ҷаласа баррасӣ гардид. Маҷлиси мазкур таҳти раёсати Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон - раиси Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор шуд.

Тибқи иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба таърихи 1-уми январи соли равон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 96 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ сабтином шудааст. Аз ҷумла аз ин 35 ширкат ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 34 ширкат ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 8 ширкат ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», 14 ширкат ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ва 5 ширкат ба минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» рост меояд.

Дар идома зикр мешавад, ки аз оғози фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои 1462 нафар ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба 2 милярду 350 милён сомонӣ расидааст.

Дар айни ҳол аз ҷониби ширкатҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсоли масолеҳи филизии сохтмонсозӣ, профилҳои алюминӣ ва пластикӣ барои дару тирезаҳо, лӯлаҳо ва зарфҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, рангҳои сохтмонсозӣ, маҳсулоти металлопластикӣ, дару тирезаҳои чубӣ, маҳсулоти ороишии сохтмонсозӣ, мебел ва маводҳои шустушӯйӣ ба роҳ монда шуд.

Дар идома таъкид мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023 ба 445,6 милён сомонӣ расид, ки нисбати соли қабл 25,4 милён сомонӣ зиёд аст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба 2 милярду 302 милён сомонӣ баробар гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар айни замон дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» ва «Ишкошим» таъсис шуда, фаъолият доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед