Ru  | Tj
Ба муносибати 30-солагии Истиқлол 30 ҳазор нафар авф мешаван

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба муносибати 30-солагии Истиқлол 30 ҳазор нафар авф мешаван
Акс: ASIA-Plus

Ба муносибати 30-солагии Истиқлол 30 ҳазор нафар авф мешаван

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои маҳбусон авфи бузург сурат мегирад.

Ҳафтаномаи “СССР” бо истинод ба манобеи худ иттилоъ дод, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон Қонуни авф қабул гардида, дар чаҳорчӯби ин иқдом 30 ҳазор зиндонӣ озод ё муҳлати адои ҷазояшон кам мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Суди Олии Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ таъсиси гурӯҳи корӣ ба манзури таҳияи қонуни авф, бахшида ба ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатиро рад карда буд.

Бар асоси Конститутсия, авф аз ҳуқуқҳои истисноии Президенти Тоҷикистон аст ва танҳо ӯ метавонад лоиҳаи қонуни авфро ба Парлумон пешниҳод намояд. Соли 2019 дар Тоҷикистон ҳамин гуна як қонун қабул гардида, ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро гирифта буд.

Медали ҷашнии "30-солагии Истиқлолият" дар Тоҷикистон таъсис дода мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед