Ru  | Tj
Ба нуҷумшиноси тоҷик дар Маскав ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” тақдим мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба нуҷумшиноси тоҷик дар Маскав ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” тақдим мекунанд
Акс: Vot.tj

Ба нуҷумшиноси тоҷик дар Маскав ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” тақдим мекунанд

Нашр шуд

Имрӯз дар толори калони Хонаи Пашкови Маскав ба нуҷумшиноси тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” тақдим карда мешавад.

Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бегоҳи имрӯз дар як маросими вижа дар Хонаи Пашкови Маскав ба намояндагони 9 кишвари ИДМ ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” супорида мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дар миёни барандагони ин ҷоиза Гулчеҳра Қоҳирова, нуҷумшиноси маъруфи кишвар ва директори Институти астрофизикаи Акедмияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ҳаст.

Имсол дар баробари Қоҳирова ҳамчунин сарояндаи опера Елчин Азизов (Озарбойҷон), ректори Донишгоҳи Русияву Арманистон Армен Дарбинян (Арманистон), шоир Олжас Сулайменов (Қазоқистон), Президентҳои Академияҳои миллии илмҳои Қирғизистон Мурат Ҷуматаев ректори МГИМО Анатолий Торкунов (Русия) ва роҳбари оркестри симфонии эстрадӣ Мансур Тошматов (Ӯзбекистон) соҳиб шудаанд.

“Ситораи Иттиҳод” ҷоизаи асосии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳои назаррас аст аз соли 2010 инҷониб дар се бахш: илм ва маориф, фарҳангу ҳунар ва фаъолияти гуманитарӣ супорида мешавад. Маблағи ин ҷоиза баробар ба ду миллион рубл мебошад.

Қаблан аз Тоҷикистон ин ҷоизаро Низом Қосим, Ибодулло Машраб, Вафо Назаров ва Темур Зулфиқоров ба даст овардаанд.

Гулчеҳра Қоҳирова аз олимони сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи астрономия мебошад. Соли 2014 Анҷумани ситорашиносони ҷаҳон як сайёраи хурди низоми офтобиро ба номи ӯ гузошта буд.


Шоири тоҷик Карим Ҳайдар сазовори ҷоизаи Русия шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед