Ru  | Tj
Баҳои баланди Бердимуҳаммадов ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баҳои баланди Бердимуҳаммадов ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳои баланди Бердимуҳаммадов ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон

Нашр шуд

Президенти Туркманистон ба чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кӯшиш дар пешбурди абзорҳои бисёрҷониба, ки ба эътидоли вазъ дар Афғонистон нигаронида шудаанд, баҳои баланд додааст.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Сарвари давлат, Бердимуҳаммадов дар мулоқоти сарони ду кишвар бо баёни ин матлаб ҳамчунин ба аҳамияти баргузории ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» дар моҳи марти соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон таъкид кардааст.

Дар изҳороти муштараки Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов инчунин зикр шудааст, ки эътидоли сареи вазъи сиёсӣ ва барқароршавии ҳолати иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон барои таъмини амният ва субот дар минтақа аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Президентҳо дар ин баробар ба муҳим будани иҷрои лоиҳаҳои зерсохсохтории минтақавиву байналмилалӣ, ки ба рушди пойдори Афғонистон мусоидат хоҳанд кард, ишора намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти сарони ду кишвар дар Ашқобод таъкид шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ роҷеъ ба масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ доранд.

Эмомалӣ Раҳмон шоми 3-юми август ҷиҳати анҷоми як сафари давлатӣ ва ширкат дар нишасти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон рафта буд.

Дар доираи ин сафар рӯзи 4-уми август дар Ашқобод мулоқоти сарони ду кишвар ва музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Туркманистон баргузор шуд ва аз натоиҷи онҳо 19 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нишасти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 6-уми августи соли равон дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рафт. Кишварҳо санадҳои нави ҳамкориро ба имзо мерасонанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед