Ru  | Tj
Ба омӯзгорону табибони Суғд хонаҳои истиқоматӣ тақдим гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба омӯзгорону табибони Суғд хонаҳои истиқоматӣ тақдим гардид
Акс: SugdNews

Ба омӯзгорону табибони Суғд хонаҳои истиқоматӣ тақдим гардид

Нашр шуд

Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ хона тақдим кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Хуҷанд як бинои нуҳошëнаро ифтитоҳ намуда ва калиди хонаҳои онро ба кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ҳадя кард.

Гуфта мешавад, ин бинои нуҳошëна бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, аз 10 манзили якҳуҷрагӣ, 18  дуҳуҷрагӣ ва 17  сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Манбаъ меафзояд, ин бинои истиқоматӣ мувофиқ ба талаботи рӯз бунёд гардида, дар саҳни он майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон, таваққуфгоҳ барои нақлиёт сохта шудаанд.

Тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба кормандони бахшҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Сарвари давлат дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд гуфта буд, ки дар ояндаи наздик барои ҳазор корманди соҳаҳои иҷтимоӣ дар маркази вилоят манзил дода мешавад.

Ҳамчунин, устондории Суғд тасмим гирифтааст, ки тарҳи тақдими манзил ба кормандони бахшҳои иҷтимоиро дар дигар шаҳру навоҳии ин вилоят амалӣ намояд.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар доираи сафари кории худ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд чандин иншооти тозабунëдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Раиси вилояти Хатлон ҳамчун туҳфаи идона хонаи истиқоматӣ тақдим кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед