Ru  | Tj
Ба ҷойи Сатторов. Муовини Сарвазир ҳамчун сафир ба Русия меравад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба ҷойи Сатторов. Муовини Сарвазир ҳамчун сафир ба Русия меравад
Акс: Sadoimardum.tj

Ба ҷойи Сатторов. Муовини Сарвазир ҳамчун сафир ба Русия меравад

Нашр шуд

Имомуддин Сатторов аз вазифаи Сафири Тоҷикистон дар Русия озод ва ба ҷойи ӯ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ин мақом мансуб шуд.

Дафтари матбуоти Президенти кишвар хабар дод, ки фармони барканории Имомуддин Сатторов аз мақоми Сафири Тоҷикистон дар Русияро 2-юми август Эмомалӣ Раҳмон содир намуда, ба ин симмат бо фармони дигари Сарвари давлат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъин гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, Сатторов ҳамчунин аз вазифаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод шудааст.

Имомуддин Сатторов аз 15-уми майи соли 2014 Сафири Тоҷикистон дар Маскав ва ҳамзамон аз соли 2016 Сафири кишварамон дар Арманистон буд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода то имрӯз ҳамчун муовини Сарвазири Тоҷикистон фаъолият мекард. Фармони аз ин симмат барканор шудани ӯ барои тасдиқ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шудааст. Гулмаҳмадзода дар гузашта раиси вилояти Хатлон ҳам буд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои сол дар равобити Русия ва Тоҷикистон сухан гуфт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед