Ru  | Tj
Ба Тоҷикистон бе “ПЦР" ворид шудан мумкин аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба Тоҷикистон бе “ПЦР" ворид шудан мумкин аст
Расм аз onemileatatime.com

Ба Тоҷикистон бе “ПЦР" ворид шудан мумкин аст

Нашр шуд

Сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемологӣ, ёрии таъҷилии тиббии вазорати Тандурустӣ Навруз Ҷафоров дар мусоҳибо бо Азия-Плюс хабар дод, ки шаҳрвандони хориҷие, ки эм карда шудаанд ҳангоми ба Тоҷикистон ташриф овардан, супоидани Реаксияи занҷири полимеоразӣ -“ПЦР” лозим намеояд.

“Шаҳрвандоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд пас аз пешниҳоди шаҳодатномаи эмгузаронӣ ба Тоҷикистон ворид шаванд. Аммо, агар як шаҳрванди хориҷӣ 2 ё 3 ҳафта пеш эм карда шуда бошад, пас ӯ бояд боз ҳам аз ташхис гузарад. Агар пас аз қабули ваксина як моҳ ё бештар аз он гузашта бошад, пас натиҷаи озмоиши Реаксияи занҷири полимеоразӣ талаб карда намешавад", - гуфт Ҷафоров.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки аз бемории коронавирус ба пуррагӣ раҳо ёфт ва дар муддати қариб ду моҳ ҳолатҳои навӣ беморшавӣ ба қайд гирифта нашудаанд. Аз аввали пайдошавии коронавирус дар Тоҷикистон 13308 нафар бемор шуданд ва 90 нафар фавтиданд.

Путин бо президенти Қирғизистон дар чи масъала гуфтугӯ кард?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед