Ru  | Tj
Ба Тоҷикистон боз беш аз ду миллион вояи "CoronaVac" ворид карда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба Тоҷикистон боз беш аз ду миллион вояи "CoronaVac" ворид карда шуд
Фото: BBC

Ба Тоҷикистон боз беш аз ду миллион вояи "CoronaVac" ворид карда шуд

Нашр шуд

Ба Тоҷикистон аз Чин боз беш аз ду миллион воя ваксинаи  зидди COVID-19 - "CoronaVac" ворид карда шуд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳавопаймои ҳомили бастаи нави ваксинаҳоро рӯзи 23-юми сентябр дар Майдони ҳавоии байналмилалии Душанбе муовини Вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед ва Сафири Чин дар Тоҷикистон Тзси Шумин истиқбол гирифтаанд.

Вуруди бастаи нави ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки бар пояи омори расмӣ, ба ҳолати 22-юми сентябр дар ҷумҳурӣ 5 миллиону 332 ҳазору 386 нафар, ё 98,6 фоиз бо вояи якум, 5 миллиону 249 ҳазору 429 нафар, ё 97,0 фоиз бо вояи дуюм ва 5 миллиону 97 ҳазору 888 нафар, ё 94,2 фоиз бо вояи сеюми ваксина бар зидди сирояти коронавирус моякӯбӣ шудаанд.

Вазорати тандурустӣ борҳо эълом намудааст, ки дар анборҳои муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат захираи кофии вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус мавҷуданд ва сокинон ба таври ройгон ва бе ягон мушкил метавонанд худро эм намоянд.


Дар Русия ваксинаи зидди коронавирус барои донишҷӯёни хориҷӣ дастрас гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед