Ru  | Tj
Баъди 23 сол. Раҳбари Покистон ба Русия меравад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баъди 23 сол. Раҳбари Покистон ба Русия меравад
Акс: ASIA-Plus

Баъди 23 сол. Раҳбари Покистон ба Русия меравад

Нашр шуд

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, Вазири корҳои хориҷии Покистон, рӯзи душанбе, 7-уми феврал таъйид кард, ки Имрон Хон нахустин раҳбари Покистон дар ду даҳсола аст, ки аз Русия дидан мекунад.

Навоз Шариф охирин раҳбаре буд, ки дар соли 1999, моҳҳо пеш аз табаддулоти октябри фармондеҳи артиши Покистон Парвиз Мушарраф ба Русия сафар кард.

Солҳои охир ду кишвар талош кардаанд, ки равобити худро густариш диҳанд.

Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, Русия таҳрими деринаи фурӯши силоҳро, ки даҳсолаҳои пеш алайҳи Покистон ироа карда буд, дар соли 2014 лағв кард.

Расонаҳои Покистон мегӯянд, ки сафари Имрон Хон бо даъвати Владимир Путин, Президенти  Русия сурат мегирад.

Қурайшӣ дар баёнияе чунин гуфт: "Муносибатҳои мо бо Русия тадриҷан беҳтар шуданд. Путин ҳоло Хонро барои боздид аз Русия даъват кардааст ва нахуствазир ин моҳ ба Маскав меравад. Ман фикр мекунам, ки равобити мо бо Русия ба таври гуворо тағйир меёбад.”

Ҳадафи ин сафар равобити дуҷониба ва авзоъ дар Афғонистон, аз ҷумла музокирот дар бораи ҳамкориҳои дифоъӣ ва тааҳҳудоти пешбурди лӯлаи гази Покистон ба масофаи 1100 километрро дар бар мегирад.

Моҳи сентябри соли 2021 Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷаи Русия аз Покистон боздид карда, дар бораи равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ гуфтугӯҳои густурда анҷом дод.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ориф Алвӣ ва барасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед