Ru  | Tj
Баъди истеъмоли қурутоб. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 48 нафар заҳролуд шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баъди истеъмоли қурутоб. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 48 нафар заҳролуд шуд
Акс: Фараж

Баъди истеъмоли қурутоб. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 48 нафар заҳролуд шуд

Нашр шуд

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон 48 нафар баъди истеъмоли қурутоб заҳролуд шудаанд.

Ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон хабар додааст, ки рӯзи 24-уми январ дар деҳаи Чагами ноҳияи мазкур 48 нафар сокини бумӣ (маҳаллӣ) баъди истеъмоли қурутоб заҳролуд гардиданд.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ шаҳрвандон дарҳол ба беморхона интиқол дода шуда, саривақт бо кумаки тиббӣ фаро гирифта шуданд, ки аксарият бо беҳтар шудани вазъи саломатӣ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд.

Ба иттилои масъулини соҳаи тандурустии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, вазъи саломатии шаҳрвандон дар ҳолати хуб қарор дошта, зери назорати ҷиддии табибон қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд гуфт, ки охирин ҳодисаи заҳролушавӣ аз ғизо аввали моҳи ноябри соли 2022 дар ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд рух дода буд. Он замон ҳашт узви як хонавода баъд аз хӯрдани консерваи худсохт бемор шуда, дар ҳолати вазнин дар бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов бистарӣ гардиданд. Ду тан узви хонаводаи мазкур баъди даҳ рӯзи бистарӣ шудан дар беморхона фавтиданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед