Ru  | Tj
Бахшида ба 30 соли ҳамкорӣ расонаҳои иттилоотии ИДМ лоиҳаи муштараки аксиро муаррифӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бахшида ба 30 соли ҳамкорӣ расонаҳои иттилоотии ИДМ лоиҳаи муштараки аксиро муаррифӣ намуданд
Акс: Интернет

Бахшида ба 30 соли ҳамкорӣ расонаҳои иттилоотии ИДМ лоиҳаи муштараки аксиро муаррифӣ намуданд

Нашр шуд

Лоиҳаи аксҳо ҳаёт ва дастовардҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро муаррифӣ менамояд.

Ба иттилои "ТАСС", лоиҳаи аксҳо бо ташаббуси ВАО-и саршумори  кишварҳои узви ИДМ омода шудааст. 

Таъкид мегардад, ки Намоишгоҳи аксҳои вертуалӣ дорои 45 кадри хроникӣ буда, аз ҷониби оҷонсиҳои давлатии иттилоотии  Озарбойҷон,  Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пешниҳод шудааст.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур дар вебсайтҳои агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои муштаракулманофеъ, Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои узви ИДМ ва портали интернетии ИДМ ҷойгир гардидаанд.

"Ин лоиҳаи аксӣ ҳамкорӣ,  ҳаёт ва  муваффақиятҳои кишварҳои ИДМ-ро дар тӯли се даҳсола таҷассум менамояд", - шарҳ додааст раиси Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ, директори генералии “ТАСС” Сергей Михайлов.

Шӯрои иттилоотии ИДМ моҳи ноябри соли 1995 таъсис ёфтааст, ки ба узвияти он роҳбарони хадамоти давлатии итилоотии Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Тоҷикистон шомил шудаанд.


Бе бензину газ. Дар Тоҷикистон ба тавлиди нақлиёти барқӣ оғоз менамоянд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед