Ru  | Tj
Бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистон истифода мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистон истифода мешаванд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистон истифода мешаванд

Нашр шуд

Президенти Туркманистон субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ вориди Душанбе гардид, ки ӯро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар майдони ҳавоӣ пешвоз намуд.

Дар зимн, Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Қасри миллат вохӯрӣ анҷом дода, ҳолат ва дурнамои муносибату ҳамкории давлатҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, дар рафти вохӯрӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон перомуни масъалаи рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятноку ояндадори саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии кишвари Тоҷикистон ва густариши ҳамкорӣ дар бахши гуманитарию фарҳангӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин, зимни мулоқот баррасии масоили амнияти минтақавӣ ва вазъи номусоиди сиёсию низомии Афғонистон аз мадди назари кишвардорон дур намонд.

Раҳмон ва Бердимуҳаммадов хостори он шуданд, ки ҳарчӣ зудтар бо роҳи мусолиматомез қазияи ин кишвари ҷангзада ҳал карда шавад.

Саммити Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз дар Кохи Наврӯз дар толори "Дидор" баргузор гардид.



Президенти Тоҷикистон ва Вазири хориҷии Ҳиндустон вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед