Ru  | Tj
БАОР дар кишварҳои узв беш аз 2 млрд доллар сармоягузорӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

БАОР дар кишварҳои узв беш аз 2 млрд доллар сармоягузорӣ кард

БАОР дар кишварҳои узв беш аз 2 млрд доллар сармоягузорӣ кард

Нашр шуд

Бонки рушди АвруОсиё дар соли 2024 тарҳҳои мухталиф дар кишварҳои узвашро ба маблағи беш аз 2 миллиард доллар маблағгузорӣ кардааст. Дар соли 2025 сармоягузориҳо тақрибан ҳамин миқдорро ташкил хоҳанд дод. Дар ин бора раиси раёсати бонки мазкур, Николай Подгузов изҳор дошт, хабар медиҳад  ТАСС.
«Дар маҷмуъ, мо тахмин мезанем, ки ҳаҷми маблағгузории [лоиҳаҳо] дар соли ҷорӣ аз 2 миллиард доллар зиёд хоҳад шуд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин барои бонк дар тамоми замони фаъолияти он аст. Мо то соли 2026 стратегия дорем. Соли оянда мо ба нақша гирифтаем тақрибан 2 миллиард доллар сармоягузории навро анҷом диҳем”,- гуфт Подгузов дар конфронси Бонки рушди АвруОсиё таҳти унвони “Мусоидат ба рушди устувори Осиёи Марказӣ”, ки дар Алмаато ҷараён дорад.
Вай ёдовар шуд, ки бонк дар се самти асосӣ аз ҷумла нақлиёт  ва иртиботот, амнияти озуқаворӣ ва логистикаи ғизоӣ, инчунин маҷмааи обу энергетикӣ, асосан дар Осиёи Марказӣ фаъолият мекунад. 

Подгузов дар ин замина аз лоиҳаҳои навсозии нерӯгоҳи ҳароратӣ дар Алмаато, терминали нави байналмилалии фурудгоҳи Алмаато, навсозии канали оби Астрахан- Мангишлак - манбаи асосии об барои сокинони вилоятҳои Атирау ва Манғистау Қазоқистон ёдовар шуд.

Илова бар ин, Подгузов зикр кард, ки бонк маблағгузории сохтмони неругоҳи барқи обии Куланак дар Қирғизистонро низ идома медиҳад.

Гуфтанист, Бонки рушди АвруОсиё як созмони байналмилалии молӣ аст, ки дар фазои Авруосиё фаъолиятҳои сармоягузориро анҷом медиҳад.  Ба ин созмони молӣ Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед