Ru  | Tj
БАОР: Иқтисоди Тоҷикистону Арманистон афзоиш ва аз Русияву Белорус коҳиш ëфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

БАОР: Иқтисоди Тоҷикистону Арманистон афзоиш ва аз Русияву Белорус коҳиш ëфтааст
Акс: Интернет

БАОР: Иқтисоди Тоҷикистону Арманистон афзоиш ва аз Русияву Белорус коҳиш ëфтааст

Нашр шуд

Таҳлилгарони Бонки Авруосиëии рушд гуфтаанд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ иқтисоди Арманистону Тоҷикистон ба таври назаррас тавсеа ëфтааст.

Ба иттилои хабаргузории расмии "Ховар", коршиносони Бонки Авруосиёии Рушд дар нимаи аввали соли равон афзоиши баландтарини иқтисодӣ миёни кишварҳои иштирокдори ин созмони молиро дар Арманистон ва Тоҷикистон мушоҳида кардаанд.

Дар гузориши ахири ин бонк омадааст, ки дар нимаи аввали соли 2022 афзоиши устувори ММД дар Арманистон 11,8% , дар Тоҷикиситон 7,4%, дар Қазоқистон 3,4% ва дар Қирғизистон 6,3%- ро ташкил додааст.

Тибқи гузориши ин бонк, дар ин баробар иқтисоди Русия ва Беларус дар шашмоҳаи аввали соли равон мутаносибан 0,5% ва 4,2% коҳиш ëфтаанд.

Ҳамчунин, коршиносони Бонки Авруосиëии Рушд таъкид намудаанд, ки иқтисоди кишварҳои узви БАОР дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ назар ба мизони пешбинишуда бештар рушд кардааст. 

Бар пояи омори расмии мақомоти Тоҷикистон низ ҳаҷми умумии иқтисоди Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 46,2 миллиард сомонӣ (ҳудуди 4,4 миллиард доллар) будааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба таври воқеӣ 7,4 дарсад бештар аст. 

Бонки Авруосиёии Рушд  созмони байналмилалии молист,  ки ба равандҳои ҳамгироӣ дар кишварҳои минтақаи Авруосиё фаъолияти сармоягузориро амалӣ менамояд.

Бонк соли 2006 таъсис ëфта, Тоҷикистон аз соли 2009 дар баробари Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия кишвари иштирокдори он мебошад. 

Рушди моҳипарварӣ: Дар кишвар беш аз ҳазор тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шудааст



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед