Ru  | Tj
Бар асари ҳамлаи Исроил ба як мадраса дар Ғазза 39 нафар кушта шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бар асари ҳамлаи Исроил ба як мадраса дар Ғазза 39 нафар кушта шуданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Бар асари ҳамлаи Исроил ба як мадраса дар Ғазза 39 нафар кушта шуданд

Нашр шуд

Ҳамос артиши Исроилро муттаҳам кард, ки даст ба "қатли оми ваҳшатноке, ки барои башарият шармовар аст" задааст.

Дафтари матбуоти давлатии Ғазза, ки таҳти раҳбарии Ҳамос аст, рӯзи 6 июн эълом кард, ки бар асари ҳамлаи Исроил ба як мактабе, ки паноҳандагон дар Нусирот, дар маркази навори Ғазза сокин буданд, дасти кам 39 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

Тасвирҳое, ки рӯзноманигорони фаластинӣ дар соатҳои аввали рӯзи 6 июн мунташир карданд, ҷасадҳоеро нишон медиҳанд, ки дар бемористони Ал-Ақсо дар Дайр-ул-Балаҳ рӯи замин хобидаанд.

Артиши Исроил бо тасдиқи ин ҳамла гуфт, як мадарасаро дар қароргоҳи Ожонси кӯмак ва кор бо паноҳҷӯёни фаластинии Созмони Милали Муттаҳид дар урдугоҳи Нусират, ҳадаф қарор додааст.

Артиши Исроил иддао кардааст, ки ин мактаб ҳамчун "пойгоҳ барои ҷангиёни Ҳамос ва Ҷиҳоди исломии Фаластин" истифода шудааст ва "террористҳое, ки дар ҳамлаи 7 октябр ба Исроил ширкат доштанд, дар он ҷо ҳузур доранд.

Исмоил ал-Савобата, мудири дафтари расонаҳои Ҳамос ин иддаои Исроилро рад кард, ки мадрасаи СММ як маркази махфии фармондеҳи Ҳамос будааст.
Ҳамзамон Исроил гуфтааст, ки нирӯҳои низомии ин кишвар ба амалиёт дар манотиқи шарқии Бариҷ ва шарқи Дайр ул-Балаҳ дар Ғазза шурӯъ кардаанд.

Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки тонкҳои исроилӣ вориди ин минтақа шудаанд ва ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил шаҳракҳои наздики Мағозӣ, Нусирот ва шаҳри Дайр-ул-Балаҳро бомбаборон кардаанд.

Аз сӯи дигар шохаҳои низомии “Ҳамос” ва “Ҷиҳоди исломӣ” эълом карданд, ки дар манотиқи Ғазза бо нирӯҳои исроилӣ даргириҳои мусаллаҳона доштанд ва мушаку гулулаҳои зиддитонкӣ партоб кардаанд.

Ба гуфтаи масъулони тандурустии Ғазза, аз 7 октябри соли гузашта то кунун бар асари ҳамлаҳои артиши Исроил дастикам 36 580 нафар фаластинӣ дар навори Ғазза кушта шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед