Ru  | Tj
Бар асари ҳамлаи Исроил дар навори Ғазза 6 корманди СММ кушта шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бар асари ҳамлаи Исроил дар навори Ғазза 6 корманди СММ кушта шуданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Бар асари ҳамлаи Исроил дар навори Ғазза 6 корманди СММ кушта шуданд

Нашр шуд

Дар навори Ғазза 18 нафар, аз ҷумла 6 корманди СММ бар асари ҳамлаи Исроил ба як мактаб кушта шуданд.

Рӯзи 11 сентябр бар асари ҳамла ба як мактаб дар урдугоҳи Нусейрат дар маркази навори Ғазза, ки аз он ҳазорон фаластинии беҷошуда ҳамчун паноҳгоҳ истифода мебаранд, 18 нафар, аз ҷумла шаш корманди Ожонси Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагони фаластинӣ дар Ховари Наздик кушта шуданд.

Дар ин бора AlJazeera хабар медиҳад.

Ҳамла ба мактаби Ал-Ҷувонӣ дар урдугоҳи гурезаҳои Нусейрат сурат гирифт. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар миёни кушташудагон занону кӯдакони фаластинӣ низ ҳастанд, ки дар урдугоҳ пинҳон шудаанд.

Ҳамчунин гузориш шудааст, ки шаш корманди Ожонси Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагони фаластинӣ, аз ҷумла раҳбари паноҳгоҳ ва дигар аъзои тими кумак ба оворагон кушта шудаанд.

Ба иттилои оҷонсии СММ, мактаб аз оғози ҷанг 5 маротиба тирборон шудааст. Дар ин макон ҳудуди 12 ҳазор нафар оворагон, аксаран занону кӯдакон паноҳ бурданд.

Дар ин баробар Артиши Исроил Ҳамосро муттаҳам мекунад, ки ғайринизомиёни фаластиниро ҳамчун сипари зинда истифода мекунад, ки Ҳамос ин иддаоро рад мекунад.

Дар ҳамин ҳол Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ гуфт, ки набуди масъулият барои марги кормандони СММ ва имдодрасонӣ дар Ғазза "комилан қобили қабул нест".

Дар остонаи нишасти солонаи раҳбарони ҷаҳон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Гутерриш дар мусоҳиба бо хабаргузории Ройтерс соли гузаштаро як соли "бисёр сахт ва душвор" унвон кард.

Бар асоси гузориши СММ, дар ин ҷанг ҳудуди 300 имдодгарон, ки беш аз се ду ҳиссаи онҳо кормандони СММ буданд, кушта шудаанд.

Бояд гуфт, ки ҷанг дар навори Ғазза 7 октябри соли 2023 замоне оғоз шуд, ки Ҳамос ба Исроил ҳамла кард ва бино ба ҳисобҳои исроилӣ 1200 нафарро кушта ва ҳудуди 250 нафарро гаравгон гирифт.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи вазорати тандурустии Ғазза, ҳамлаи баъдии Исроил ба навори Ғазза боиси кушта шудани беш аз 41 ҳазор фаластинӣ шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед