Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Бар асари таркиш дар Балуҷистони Покистон 7 нафар кушта шуд
Нашр шуд
Расонаҳои Покистон гузориш додаанд, ки бар асари таркиш дар вилояти Балуҷистони ин кишвар дастикам 7 нафар, аз ҷумла 5 донишҷӯй ва як корманди пулис кушта ва 15 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ба гузориши шабакаи телевизонии Geonews, ин таркиш имрӯз дар минтақаи Мастунги вилояти Балуҷистон ва дар наздикии як мактаби духтарона рух додааст.
Ба гузориши ин расона, ҳадафи ин таркиш як мошини посбонии пулис будааст ва ин мошин бар асари таркиш комилан нобуд шудааст.
Дар миёни донишҷӯёне, ки дар ин таркиш кушта шудаанд, ҳам писарон ва ҳам духтарон ҳастанд.
Маҷруҳони ин таркиш ҳамчунин донишҷӯён ва нерӯҳои пулис буда ва ба бемористонҳои маҳаллӣ интиқол дода шудаанд.
То ҳол касе ё гуруҳе масъулияти ин таркишро бар уҳда нагирифтааст. Мақомоти ҳукумати Покистон ин таркишро маҳкум ва онро "террористӣ" хонданд.
Вилояти Балуҷистони Покистон қаблан ҳам борҳо шоҳиди ҳамлаҳо ва таркишҳои маргбор будааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед